ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоиҷикистон, имрӯз пойтахти кишвар ҳаво тағйирёбанда шуда, бориши сусти борон дар назар аст. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 4+6 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бориши сусти борон пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят асосан ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.