Дар навоҳии кӯҳӣ барф меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф ба амал меояд.
Ҳушдори КҲФ аз селу сангрезӣ ва дамои ҳаво барои имрӯз
Дар шарқи вилоят асосан ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона  2-7 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бориши сусти борон пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, бориши сусти борон дар назар аст. Ҳаво шабона 6+8  ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.