Зодаи Тоҷикистонро дар Петербург барои кумак ба террористон равонаи зиндон карданд

Як зодаи Тоҷикистон, ки чун муҳоҷири корӣ дар қаламрави Русия қарор дорад, ба ҳамватани худ барои пайвастан ба ҷангиёни Сурия кумак кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 март - Sputnik. Мақомоти тафтишотии Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба фаъолияти як созмони террористӣ айбдор мекунад, хабар медиҳад 78.ru бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Аз “Бародарони мусалмон” то ҲНИТ: боздошти 274 террорист дар Тоҷикистон дар шаш моҳ
Маълум шуда, ки зодаи Тоҷикистон О.Соатов ҷонибдори ҳаракати радикалӣ будааст.
Муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳамватани худ А.Тошев дар масъалаи интиқолаш ба Сурия кумак кардааст.
Маълум шуда, ки Тошев ба созмони террористие, ки дар ҷангҳои Сурия алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ иштирок мекунад, пайвастанӣ буд.
Ҳамин тариқ, Соатов дар ҷамъоварии маблағ барои як ҳамхидматаш кумак кард, ки бо он маблағ Тошев бояд билети ҳавопаймо мехарид.
Ғайр аз он, шахси боздоштшуда бо як корфармои як созмони террористӣ робитаи пинҳонӣ пешниҳод кардааст, то дар сурати боздошти Тошев осори иртиботи мустақим намонад.
Маълум мешавад, ки худи Тошев моҳи сентябри соли 2020 дар яке аз фурудгоҳҳои Маскав ҳангоми кӯшиши парвоз ба Туркия барои сафари минбаъда ба Сурия боздошт шудааст.
Аввал сари зани ҳомилаашро гирифту сипас хусурашро кушт: боздошти тоҷик дар Перм - навор
Нисбати ин мард барои ширкат дар фаъолияти як созмони террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ва танҳо баъдтар, мақомоти тафтишот шарики ӯро муайян карданд ва Соатовро низ дар Санкт-Петербург боздошт кардаанд. Ҳамин гуна парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ низ боз шудааст.
Тафсилоти нав дар қазияи муҳоҷире, ки зани ҳомила ва хусурашро кушт: қарздор буд
Ҳоло додгоҳи ноҳияи Невскийи Санкт-Петербург Соатовро ба мӯҳлати ду моҳ ҳабс кардааст.