Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон: 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, кишвардори Тоҷикистон ин нуктаро имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим изҳор доштааст.
Муҳриддин аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо гуфт
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон пешниҳод кардаст, ки Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Пиряхҳои Тоҷикистон: сарчашмаи об дар Осиёи Марказӣ
Ӯ зимни суханронӣ гуфтааст, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.
Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ - пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.
"Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад",- гуфтааст президент.
Ҳафт ҳазор метр баландӣ: навори қуллаи Сомонии мӯҳташам аз боло
Ба таъкиди президент Тоҷикистон дорои 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, ки манбаи асосии он захираҳои пиряхии минтақа, ки зиёда аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави кишвар мебошанд.
Дар асри 20-ум дар Тоҷикистон зиёда аз чордаҳ ҳазор пирях ба қайд гирифта шуда буд, ки майдонашон ба 8 фоизи масоҳати умумии кишвар баробар буд, аммо бар асари тағйирёбии иқлим ин пиряхҳо бошиддат об шуда истодаанд ва то имрӯз зиёда аз як ҳазори он комилан об шудааст, таъкид кардааст президент
Ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид.
Президент гуфтааст, возеҳ аст, ки дар ояндаи миёнамуддату дарозмуддат ин раванд метавонад оқибатҳои хеле вазнинро ба бор орад ва дар баробари ин тағйирёбии иқлим боиси афзоиши чунин падидаҳои фавқулодаи гидро ва метереологӣ, ба мисли сел, обхезӣ, хушксолӣ, ярч ва тармафароӣ гардидааст, ки ҳамасола ба иқтисодиёт ва муҳити атрофи Тоҷикистон хисороти ҷидди мерасонад.
"Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёт ва муҳити зисти Тоҷикистон зарари хело ҳам калон расонида, талошҳои моро ҷиҳати расидан ба рушди устувор ҷиддан коста мегардонанд",-гуфтааст президент.
Ӯ гуфтааст, ин гуна таҳдидот хоси дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мебошанд.