Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд шуд

Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар нисбат ба ҳаҷми истеҳсолоти саноатии имсол 15% зиёдтар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Қарзи хориҷии Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми маҳсулоти саноатии дар тамоми соли гузашта истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ беш аз 15% зиёдтар аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати молияи кишвар.
“Қарз зиёд шуд, боз қарз мегирем”: қарзи хориҷии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Ҳамин тариқ, ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ дар охири соли 2020 беш аз 3,2 миллиард долларро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, тибқи омор, дар ин давра ба маблағи беш аз 30,8 миллиард сомонӣ (беш аз 2,7 миллиард доллар) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.
"Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ дар соли 2020 15,7% зиёдтар аст", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар охири соли гузашта 3,365 ҳазор сомониро (тақрибан 297 доллар) ташкил дод.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 3 миллиард доллар гузашта, 43,8% ММД ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дар ҳоли ҳозир қарзи хориҷӣ барои ҳар як сокини кишвар 339 доллар рост меояд.
Тоҷикистон аз Чин чанд пул қарздор аст
Ба гуфтаи Олег Богданов, таҳлилгари саршиноси QBF, Тоҷикистон метавонист аз Русия барои пардохти қарз кӯмак пурсад.
Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 339 доллар қарздор аст
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои шарики калон манфиатдор нестанд, ки ягон узви Иттиҳод ба вазъияти душвор дучор ояд, алалхусус марбут ба дефолт, ин ғайримустақим ба дигар иштирокчиёни созишномаҳои гуногун дар доираи Иттиҳоди гумрукӣ зарба мезанад.