Марде, ки ба гардану шиками занаш қайчӣ зад, боздошт шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳад, ки ҳамсарашро бо қайчӣ захмӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 март - Sputnik. кормандони милиса марди 31 - соларо боздошт намуданд, ки бо гумони расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ муттаҳам дониста мешавад.
Прапоршики Гвардияи миллӣ ҳамсар ва хусуру хушдоманашро паронд: куштори мудҳиш
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда сокини ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа мебошад.
Гуфта мешавад, номбурда, 2-юми марти соли 2021, тахминан соати 03:30-дақиқа, аз сабаби рашки зиёд ҳамсари 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти К.Гадоалиеви ноҳияи мазкурро бо қайчӣ ба тарафи рости гардан ва шикамаш 1-маротибагӣ задааст.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонии сабук ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд”, - афзудаст манбаъ.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Муноқишаи оилавӣ: марди 64 - сола ҳамсар ва духтарашро корд зад
Ёдовар мешавем, қаблан ин ниҳод аз боздошти як сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки дар ҳолати мастӣ бо корд як маротиба ба шиками ҳамсари 33 - солаи худ зада буд.