Даргузашти шореҳи машҳури варзишӣ Юрий Розанов

Журналисти маъруф, шореҳи варзишии шинохтаи Русия Юрий Розанов дар синни 59-солагӣ аз олам даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Шореҳи варзишӣ Юрий Розанов дар Маскав аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора рӯзноманигор Михаил Моссаковский дар Твиттер хабар дод.
Марги рӯзноманигорро дар шабакаи иҷтимоӣ шореҳон Василий Уткин ва Дмитрий Губерниев тасдиқ карданд.
"Бовар кардан ғайриимкон аст. Ӯ аз миёни мо дар касбаш беҳтарин аст ", - гуфт Губерниев.
Тибқи иттилои шабакаи Telegram Mash, Розанов пеш аз марг худро бад эҳсос мекард. Аз сабаби тангии нафас, ҳамсараш мошини ёрии таъҷилиро даъват кард.
Розановро бо шарҳи бозиҳои футбол ва хоккей мешиносанд. Соли 2012 аз рӯи номинатсияи "шореҳи варзишӣ / барандаи барномаи варзишӣ" ба ӯ ҷоизаи TEFI доданд. Рӯзноманигор барои гузоришҳо аз чемпионати ҷаҳонии хоккей байни ҷавонон ҷоиза гирифт.
Розанов аз моҳи майи соли 2019 бинобар табобати саратони шуш, пахши барномаҳоро қатъ кард. Дӯстдорони варзиш овози шореҳро моҳи ноябри ҳамон сол дубора шуниданд. Он замон, Розанов аз бемории саратон табобат мегирифт.