Берёзаҳои русӣ дар Балҷувон: дарахтҳо аз Русия расиданд

Аз Русия ба ноҳияи кӯҳистони Балҷувони вилояти Хатлон 300 дона дарахти нодири берёза оварда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раиси ноҳияи мазкур Ҷализода Шералӣ иттилоъ дод, ки ба хотири сабзу хуррам гардонидани маркази ноҳия аз Русия 300 дона дарахти нодири берёза оварда шуд, менависад сомонаи рӯзномаи “Фараж”.
Рустами Эмомалӣ ба масҷид рафту дарахт шинонд-акс
Раиси ноҳия таъкид доштааст, ки дарахтони овардашуда дар гулгашти марказии ноҳия шинонида шудаанд.
Гуфта мешавад, масъулони ноҳияи мазкур нақша доранд, ки дар оянда шумораи чунин дарахтони нодирро бештар кунанд, зеро аз ин дарахт дар баъзе аз кишварҳо масолеҳи сохтмонӣ, ба мисли тахта, истеҳсол карда мешавад.
Зикр мегардад, ки бинокорон сифати тахтаи аз берёза омодашударо нисбат ба масолеҳе, ки аз дарахтон дигар омода мешавад, хуб арзёбӣ мекунанд.
Бояд қайд кард, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон маъракаи бузурги дарахтшинонӣ оғоз ёфтааст. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонро босуръат идома доранд.