Тоҷикистон парвозҳои мунтазамро бо ду кишвар аз сар гирифт

Дар Тоҷикистон, ки ҳоло вазъи эпидемиологӣ дар робита ба маризии коронавирус беҳбуд ёфтааст, равобити ҳавоӣ бо ду кишвар барқарор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон равобити ҳавоиро бо Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Афғонистон барқарор намуд.
Ба иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, ҳамакнун парвозҳо ҳафтае як маротиба дар масири Душанбе - Алмаато - Душанбе ва инчунин Душанбе - Афғонистон - Душанбе сурат мегиранд.
Дақиқ шуд: парвозҳои мунтазам миёни Душанбе ва Тошканд аз март шурӯъ мешаванд
Манбаъ меафзояд, масъалаи барқарор шудани парвозҳои мунтазим дар ҷаласаи ахири мудири агентӣ Икром Субҳонзода бо намояндагони "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва ҳамчунин намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии "Белавиа"- и Белорус, "Эйр Астана"-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва "Кам Эйр"- и Афғонистон баррасӣ шуд.
Зикр мегардад, ки дар ҷаласаи мазкур Икром Субҳонзода ба беҳ шудани вазъи ҳамагирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда, изҳор доштааст, ки чунин вазъият ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ мусоид аст.
Илова бар ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза алайҳи коронавирус низ иҷозат додааст, ки парвозҳои мунтазам бо Афғонистону Қазоқистон барқарор шавад.
Вазир: Русия барои роҳандозии парвозҳо ягон шарт нагузоштааст
Гуфта мешавад, ҳоло масъалаи барқарор шудани равобити ҳаво бо Белорус низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Агентӣ тавзеҳ додааст, ки дар рафти ҷаласа аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост шудааст, ки нархи чиптаро хуқдсарона афзун накунанд, балки дар доираи арзиши аслӣ фурӯхта шавад.