Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Баҳои Путин ба ваксинҳои Русия: алайҳи ҳамаи навъҳои коронавирус муассиранд

Владимир Птуин мегӯяд, ваксинҳои сохти Русия нисбати навъҳои нави коронавирус, ки Аврупо аз онҳо дар ташвиш шудааст, муассир мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ваксинҳо алайҳи коронавирус, ки олимони рус таҳия намудаанд, нисбати ҳамаи навъҳои коронавирус таъсири хуб доранд.
Дар ин бора кишвардори Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо роҳбари Агентии федеролии тибби-биологӣ, Вероника Скворсовский тавзеҳ дод. 
Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд
Раисиҷумҳури Русия ҳуҷҷатҳоеро пеш овард, ки муассирияти ваксинаҳои сохти русӣ алайҳи навъҳои нави коронавирусро собит мекунад.
"Тавре ба ман маълумот доданд, ваксинаҳои сохти Русия нисбати ҳамаи навъҳои нави коронавирус, ки дар Аврупо ва берун аз он ҳамаро ба ташвиш овардааст, таъсиргузоранд", - афзудааст Путин.
Ба таъкиди ӯ, муассирияти ваксинаҳо аллакай замони аз озмоиш гузарондани онҳо исбот шуд.
Зимнан, Вероника Сквортсова шарҳ додааст, ки дар Русия феълан 3,5 ҳазор навъҳои нави коронаиврус сабт шудааст. 
Илова бар ин, роҳбари Агентии федеролии тибби-биологӣ аз таҳияи як ваксини нави зидди коронавирус аз ҷониби Русия хабар дод, ки он ба ташаккули мусуният дар сатҳи ҳуҷайра мусоидат мекунад. Чунин масуният метавонад то 13 - 17 сол боқӣ монад.
"Мо ваксинаеро таҳия карда истодаем, ки на ба сафедаи S, балки ба дигар ҷузъҳои сафедаи вирус таъсир мерасонад ва пеш аз ҳама боиси ташаккули масунияти ҳуҷайра мешавад", - гуфт вай.
Инчунин, маълум шуд, ки дар айни замон агентии мазкур тадқиқоти клиникии доруи беназиреро мегузаронад, ки қисматҳои муайяни коронавирусро банд мекунад.