Ҷавони 26 - сола дар Душанбе манзилашро ба фоҳишахона табдил дод: то 200 сомонӣ мегирифт

Сокини ҷавони пойтахт аз муштариёни худ аз 170 то 200 сомонӣ мукофотпулӣ мегирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Кормандони милитсияи дар шаҳри Душанбе ҷавонеро боздошт намуданд, ки манзили зисташро ба фоҳишахона табдил додааст.
Боздошти ҷавони 22 - сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохила, номбурда нахуст рӯзи 20 декабр хонаашро ҳамчун фоҳишахона дар ихтиёри марди 33 ва зани 39 - сола, ки  сокинони Душанбе ва Восеъ мебошанд, вогузор намудааст. Гуфта мешавад, бар ивази ин хизмат аз онҳо 200 сомонӣ талаб намуда, гирифтааст.
Илова бар ин, рӯзи 26 феврал, тахминан соати 23:00 аз манзили номбурда боз ду ҷуфти дигар истифода намуданд. Муштариёни ӯ марди 31 ва зани 32 - солаи ноҳияи Рӯдакӣ буданд, ки бар ивази манзил 180 сомонӣ мукофотпулӣ доданд.
Ҳамчунин, номбурда санаи 27 феврал, дар хонаи истиқоматиаш ба марди 37 ва зани 29 - сола, ки сокинони Душанбе, шароит муҳайё намуда, аз онҳо 170 сомонӣ пул гирифт.
Зани ҷавон бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир шуд
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба ҳамин ҳодиса феълан тафтишот идома дорад.Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.