Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон меояд

Дар ояндаи наздик президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф меорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Кишвардори Афғонистон дар ояндаи наздик озими Тоҷикистон мешавад, мегӯяд раиси парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ зимни мулоқот бо хабарнигорон дар сафорати он кишвар дар Душанбе.
Баъди мулоқоти Раҳмон бо Ғанӣ, Ятимов ба Кобул рафт
Ба изҳори Раҳмонӣ, сафари раисҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон моҳҳои наздик сурат мегирад.
Феълан, рӯзномаи музокирот, нақшаҳои мулоқоти Ғанӣ ва ҳамчунин ҳайате, ки ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд, дақиқ нашудааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки сафари Ғанӣ ба Душанбе бо конфронси вазирони корҳои хориҷӣ "Қалби Осиё - Раванди Истамбул", ки охири моҳи март ба нақша гирифта шудааст, рабт дошта бошад.
Аз мулоқот бо Ғанӣ то Абдуллоҳу Амруллоҳ Солеҳ: чаро Ятимов ба Кобул рафт?
Чорабинии мазкурро Тоҷикистон ва Афғонистон роҳбарӣ мекунанд, ки дар робита ба он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охирин сӯҳбаташ бо Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ӯро ба Душанбе даъват кард.