ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Файзов мегӯяд, дар рӯзҳои аввали хуруҷи беморӣ тамоми сокинонро тарсу ваҳм фаро гирифта буд, аммо ҷасорати духтуронро дида, мардум ором шуданд.
“Дар он рӯзҳои басо ҳассос табибони мо ҷони худро бар ивази ҷони беморон ба гарав гузошта, шифохонаро хонаи дуввуми хеш қарор доданд”, - навиштааст нашрияи “Оинаи зиндагӣ” аз қавли раиси ВМКБ.
Файзов зурур хондааст, ки бо вуҷуди паси сар шудани мавҷи беморӣ, қонуну қоидаҳои гигиенӣ бечуну чаро риоя шаванд.
“Аминам, ки муттаҳидиву дастаҷамъии мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қодир аст, то дигар монеаҳоро ҳам бартараф созад”, - афзуд ӯ.
Раиси ВМКБ аз фаъолияти ризокорон тавсиф намуд, ки ҳамеша дар хидмати халқи худ буданд.
Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ризокороне, ки ихтиёран бо интихоби озоди вақт, нерӯву малакаи худро бемузду ҷуброни хароҷот ба манфиати ҷомеа равона кардаанд, бо эҳтироми хос назар андохта, тамоми хостаҳои онҳоро иҷро намуданд, таъкид кард Файзов.