ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Хурӯс тасодуфан дар хурӯсҷанге дар минтақаи Ҷагитали Ҳиндустон соҳиби худро куштааст, менависад Times of India.
Қабл аз оғози хурӯсҷанг парранда гурехтанӣ шуд ва соҳиби худ Танугул Сатишро бо корди дар панҷааш басташуда ба поёни шикамаш зад.
Мард ҳангоми интиқол додан ба бемористон аз сабаби зиёд рафтани хун дар роҳ ҷон додааст.
Полис ҳолати мазкурро нохост хонда, парванда боз кардааст ва хурӯсро ба қисми навбатдорӣ овардааст.
Баъзе шабакаҳои хабарӣ аз боздошти хурӯс хабар доданд, аммо полис инро рад кардааст.
Онҳо илова карданд, ки хурӯс дар додгоҳ ҳамчун сабаби марги соҳиби он муаррифӣ хоҳад шуд ва тақдири минбаъдаи онро дар он ҷо ҳал хоҳанд кард.
Баъзе иштирокчиёни дигари хурӯсҷанг низ ба суд оварда мешаванд.
Хурӯсҷанг дар Ҳиндустон аз соли 1960 манъ карда шудааст, аммо он дар бисёр иёлатҳо пинҳонӣ сурат мегирад ва иштирокчиён ба он шарт мегузоранд.