Назар ба моҳи пурра аз кишварҳои гуногун - акс

Моҳ ягона ҳамроҳаки табии сайёраи Замин мебошад, ки бо зебоияш бисёриҳоро тасхир мекунад. Моҳ садсолаҳо мавриди омӯзиши инсоният қарор гирифта, бисёриҳо онро тасвиру аксбардорӣ мекунанд
Sputnik
Моҳ наздиктарин ҳамроҳаки табиӣ ба Офтоб мебошад чун ду сайёраи наздиктар ба хуршед - Уторид ва Зуҳра моҳ надоранд.
Хирси сафед дар боғи ҳайвоноту набототи Роев ручей дар Красноярск
Азимҷусса дар хатар: 27 феврал рӯзи ҷаҳонии Хирси сафед
Масофаи миёна байни Замин ва моҳ ҳудуди 384 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Ин ягона ҳамрадифи табиии Замин аст, ки бар асари тобиши нури Хуршед медурахшад ва дар ҳар 29,5 шабонарӯз як бор ба гирди Замин мегардад.
Моҳ пас аз Офтоб дуюмин ҷирми бонури осмонист, ки дар Замин метобад ва яке аз ҳамрадифҳои калонтарини системаи офтобӣ ба ҳисоб меравад. Бар асоси донишномаи озод, инчунин ягона объекти ғайризаминист, ки ба он пои инсон расидааст.
Моҳ аз рӯи мадори худ ҳаракат карда, дар муддати 30 шабонарӯз аз байни Офтобу Замин як маротиба мегузарад. Дар ин вақт Моҳ нав мешаваду пас аз ду рӯз дар қисми ғарбии осмон дар шакли дос ё хатти нимдоира аз нав намудор мешавад.
Моҳтоб аз худ нур намебарорад, лекин шабона барои он ба назари мо равшан менамояд, ки нурҳои Офтоб ба сатҳи Моҳтоб расида, акс мешаванд.