Ҳисоботи Шодихони Ҷамшед: барномаи кӯмаки Вазорати тандурустӣ иҷро шуд ё на

Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома мусоидат ба коҳиш додани вазъи душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон, муҳайё намудани шароите, ки ба шаҳрвандон имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳайъати мушовараи вазорат тавзеҳ дод, ки барномаи кӯмаки вазорати тандурустӣ иҷро шуд ё на.
Дар ҷаласа дар бораи Барномаи давлатии расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ барои солҳои 2018-2020” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Шодихон  Ҷамшед  ба ҳозирин маълумот дод.
Вазорати тандурустӣ гуфт, воридшавии навъи "бритониёӣ" -и COVID-19 назорат мешавад
Гуфта шуд, ки мутобиқи он як қатор корҳои муҳим ва назаррас ба анҷом расонида шуданд.
"Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома мусоидат ба коҳиш додани вазъи душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, муҳайё намудани шароите, ки ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад, таъмини дастрасии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ба неруи барқ ва ҳамгироии онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ иборат мебошад", - таъкид кард муовини вазир.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ” кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар шакли кӯмаки пулӣ ва кӯмаки моддӣ муайян карда шудааст. Кӯмаки пулӣ дар навбати худ ба ду намуд ҷудо мешавад: кӯмаки пулии якдафъаина ва  кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ”.
Дар маҷмӯъ, таъкид гардид, ки “Барномаи давлатии расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” тайи солҳои амали худ пурра  иҷро гардидааст.
Ҷаласаи ҳайъати мушовараи вазорати тандурустии Тоҷикистон 27 феврал дар  Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”  баргузор гардид.
Бовар накунанд омада бинанд: Абдуллозода гуфт, Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст
Дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.