Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии суръати интернет боз пасттар шуд

Дар раддабандии нави сураъати интернети мобилӣ Тоҷикистон ҷои 129-умро дар байни 140 кишвари дунё ба даст овард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон суръати интернет пасттар шудааст. Далели он маълумотҳои раддабандии глобалии Speedtest. мебошад.
Бино бар иттилои манбаъ, моҳи январи соли 2021 Тоҷикистон байни 140 кишвари дунё ҷои 129-умро гирифтааст ва дар натиҷа дар як моҳ панҷ зина поён рафтааст.
Суръати интернет тезтар шудааст: Тоҷикистон дар раддабандии нави “Speedtest Global Index”
Дар ҳамин ҳол, бино бар маълумотҳо моҳи декабри соли 2020 кишвар мавқеи 124-умро мегирифт.
"Суръати боркунии маълумот дар Тоҷикистон моҳи январ 13,8 Мб/сонияро ташкил дод, моҳи декабри соли 2020 ин нишондод ба 14.66 Мб/сония баробар буд", - омадааст дар ҳисоботи Speedtest.
Аз нигоҳи суръати интернети симӣ низ, тибқи ҳисобҳои моҳи январ, Тоҷикистон низ  мавқеъро аз даст дод ва дар байни 175 кишвар дар ҷои 99-ум қарор гирифт.
Моҳи декабр Тоҷикистон дар ин рӯйхат ҷои 94-умро ишғол мекард.
Аз кишварҳои ИДМ дар мавриди суръати интерент Русия пешсаф аст, ҷои 93-умро мегирад, Қазоқистон - 105, Қирғизистон - 101, Ӯзбекистон мавқеи 128-умро мегирад.
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии пасти ҳам интернетиву ҳам тамосии ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро мушоҳида накардаанд.
Ин нуктаро Илҳом Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон, ки ба шикоятҳои мардум дар бораи хизматрасониҳои пасти шикарҳои мобилии кишвар чӣ назар дорад, таъкид карда буд.
Сокинон аз интернету хизматрасонии паст шикоят доранд. Хадамот мегӯяд, мушоҳида накардааст
Номбурда дар бораи ҳам хизматрасонии интернетӣ ва ҳам гуфтугӯӣ гуфт, шояд бошад, аммо мо мушоҳида накардем.
Ӯ гуфт ҳатто аз ҷониби шӯъбаҳои назорати ин самти Хадамоти алоқа чунин камбудиҳо ошкор нашудааст.
Номбурда аз як радабандии байналмилалӣ мисол оварда гуфт, хизматрасониҳои итернетӣ ва ҳам гуфтугӯӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хуб шудааст ва миёни давлатҳои минтақа ҷойи созгорро касб намудааст.
Ёдовар мешавем, қаблан дар пайи боло бурдани нархи хизматрасониҳои мобилӣ, мақомот ваъда дода буданд, ки сатҳи хизматрасонӣ беҳтар хоҳад шуд.
Аммо шикояти ҳамарӯзаи сокинон дар расонаҳои иҷтимоӣ оид ба хизматрасониҳои ширкатҳо, махсусан аз сатҳи пасти суръат акси ҳолро нишон медиҳад.