ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Файзов зимни ҳамоиш дар мавзӯи забони модарӣ гуфт, ҳамарӯза оид ба забонҳои маҳаллӣ дар вилоят баҳсу мунозираҳо рафта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатномаҳо ва пешниҳодоти зиёд ворид мегарданд.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, дар ин ҳамоиш масоили таърихӣ, таҳияи алифбоҳои забонҳои помирӣ, ҷанбаҳои қонунии ҳимоя ва инкишофи забонҳои помирӣ ва таълифи осори бадеӣ ба ин забонҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар мавриди пешниҳодҳое, ки ба ҳукумати вилоят ироа шудаанд, тафсилоти бештар дода нашуд, аммо забоншиносон борҳо таъкид кардаанд, ки забонҳои помирӣ ва яғнобӣ бояд дар дабистонҳои маҳалли корбурдашон ва ҳамчунин бахшҳои забоншиносӣ омӯзонда шаванд.
Феълан дар ҳудуди ВМКБ забонҳою лаҳҷаҳои гуногун — рошорвӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, язгуломӣ, вахонӣ ва ишкошимӣ корбурд доранд, ки асосан шифоҳӣ буда, хат надоранд. Масъалаи таҳияи алифбо ва хат аз иқдоми дигари муҳим барои ҳифз ва рушди забонҳои помирию яғнобӣ арзёбӣ мешавад.
Қаблан Кумитаи забон ва истилоҳот тавсия дода буд, ки таҳқиқу омӯзиши забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ ва таълими ин забонҳо ба соҳибзабонони ин минтақаҳо роҳандозӣ гардад, аммо то ҳол иқдоми амалие дар ин самт сурат нагирифтааст.