ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Мирзоисмон Гиёзода, раиси додгоҳи шаҳри Душанбе бо медали “Барои мусоидат” қадрдонӣ гардидааст.
Тибқи иттилои додгоҳи Душанбе, фармон дар бораи қадрдонии Гиёзодаро генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 20 феврали соли равон имзо кардааст.
Манбаъ афзуд, медалро муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат дар вазъияти тантанавӣ ба Гиёзода тақдим намуд. Дар итттилоияи додгоҳ сабабҳои қадрдонии Гиёзода бо медал “Барои мусоидат” шарҳ дода нашудааст.
Лутфуллозода Шавкат, муовини аввали раиси Суди Олӣ ва Гиёзода Мирзоисмон, раиси додгоҳи Душанбе
© сомонаи суди Душанбе
Раҳимзода қаблан низ бархе аз мақомдорони давлатиро бо медал “Барои мусоидат” қадрдонӣ карда буд.
Аз ҷумла ин медалро Шамсиддин Орумбекзода, вазири вақти фарҳанг ва муовини якумаш Маҳмадсаид Пирзода гирифта буданд.
Он замон далели тақдими медал, ҳамкориҳои судманду самаранок, дастгирии маънавӣ ва таҳияи чорабиниву маъракаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ шуда буд.