Сингапур дар Душанбе донишкадаи байналмилалӣ ифтитоҳ мекунад

Донишкада мутобиқи стандартҳои умумиэътирофгардидаи байналмилалӣ аз руи низоми бакалавриат ва магистратура кадрҳои баландихтисос тайёр хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Дар Душанбе Донишкадаи байналмилалии Сингапур ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора имрӯз дар рафти Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд.
"Дар ҷаласаи Ҳукумат масъалаҳои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе баррасӣ карданд", - менависад дафтари матбуоти президент.
Манбаъ меафзоянд, дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ доштан, дар шаҳри Душанбе филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур таъсис дода мешавад.
Супориши Президент иҷро шуд: тағйирот дар сохтори Донишгоҳи тиббӣ
Ин филиал, ки муваққатан дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешавад.
Дар он аз ҷониби Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур мутобиқи стандартҳои умумиэътирофгардидаи байналмилалӣ аз руи низоми бакалавриат ва магистратура кадрҳои баландихтисос тайёр карда мешавад.
Дар марҳилаи аввал дар филиали донишкада таълим аз рӯи се ихтисос — мудирияти саноат (менеҷменти индустриалӣ), туризм ва меҳмондорӣ, технология ва амнияти иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад.
Минбаъд,  дар сурати ба миён омадани зарурат ва ниёзмандиҳои дигар, ихтисосҳои нави таълимӣ таъсис дода мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) соли 1956  таъсис ёфта, тӯли беш аз 60 соли фаъолият намояндагиҳои худро дар аксар давлатҳои ҷаҳон таъсис додаааст ва яке аз аввалин муассисаҳои олии кишвар маҳсуб меёбад.
Шарикони Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) муассисаҳои олии таълимии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон,  амсоли  Франсия, Британияи  Кабир, Австралия ва  Амрико буда, хатмкунандагони он бо дипломи дараҷаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби  шӯроҳои илмии мактабҳои олии сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, сарфароз гардонида мешаванд.
Айни замон дар Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) беш аз 15 000 муҳассилин аз рӯи 26 —  ихтисос таълим мегиранд, ки аз ин шумора беш аз 4000 нафарашон  намояндагони  62 давлати ҷаҳон мебошанд.
Таҳсилот - онлайн: чигуна довталабони тоҷик метавонанд ба донишгоҳҳои Русия роҳ ёбанд
Ҷараёни  тадрис дар асоси барномаҳои таълимии Донишгоҳҳои Синдерланд ва Бангори Британия Кабир, ки мутобиқ ба сифати стандарти байналмилалӣ эътироф гардидаанд, ба забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳайати устодону омӯзгорони таълимгоҳ низ аз ҳисоби кадрҳои баландихтисоси Сингапур, донишгоҳҳои Синдерланд, Бангор ва Станфорди Британияи Кабир ва дигар мутахассисони варзидаи марказҳои муосири илмомӯзии ҷаҳон пурра гардида, дар раванди таълим усулҳои ҳозиразамон ва муштараки таҳсил фаъолона истифода бурда мешаванд.
Барои дохил шудан ба Донишкада курсҳои 6-моҳа ва 10-моҳаи омӯзиши забони англисӣ амал мекунанд.
Пешниҳоди Матвиенко барои афзоиши намояндагии донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон
Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур имрӯзҳо дар  Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Малайзия, Чин ва ғайра кампусҳои таълимии худро бунёд намуда, тасмим гирифтааст, ки барои  Тоҷикистон дар риштаҳои менеҷменти саноатӣ, сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва технологияи иттилоотӣ кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯи талаботи замони муосирро омода намояд.