Тоҷикистонӣ академики Академияи байналмилалии адабиёти Русия интихоб шуд

Абдуқаҳҳори Қосим ният дорад, барои ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳамчунин 110 - солагии солрӯзи Мирзо Турсунзода ашъори нав эъҷод кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Абдуқаҳҳори Қосим академики Академияи байналмилалии адабиёти Русия интихоб шуд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Шоири тоҷик Абдуқаҳҳор Қосим ба гирифтани ҷоизаи "Рус моя" пешбарӣ шуд
Ба иттилои манбаъ, Қосим бо қарори Президиуми академияи байналмилалии адабиёти Рус, ба ҳайси академики ин ташкилоти ададбӣ иетихоб гардидааст.
Манбаъ меафзояд, феълан Абдуқаҳҳори Қосим дар шаҳри Турсунзода ба сар мебарад ва ният дорад бо ашъораш дар ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар солрӯзи Мирзо Турсунзода саҳми арзанда гузорад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 шеъри "Бешаи анбӯҳи андеша"-и шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дар "Озмуни телевизионии шеъри рӯзномаҳои ҷаҳон", ки дар шаҳри Пекини Чин баргузор гардид, таҳти унвони "Ғолибони барҷаста" соҳиби Шоҳҷоизаи озмун гардид.
Бори нахуст дар Колумбия шеъри тоҷикӣ садо дод
Инчунин дар 30-юмин солгарди Фестивали адабии байналмилалии Меделин, ки ба таври онлайн дар шаҳри Меделини Колумбия баргузор гардид ва дар он 40-умин солгарди таъсиси мукофоти алтернативии Нобел низ ҷашн гирифта шуд, бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд.