Аз мошину парранда то пасандоз: сабукии Кумита ба хизматчиён дар пешниҳоди эъломияи дороӣ

Хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамакнун метавонанд эъломия дар бораи дороиҳои худро электронӣ пешниҳод кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон бо мақсади осон кардани пешниҳоди эъломияҳо, чанде пеш барномаи махсуси компютериро таҳия ва ба кор даровард, ки имкон медиҳад, эъломияҳо дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд.
Молу мулки судяҳоро мебинанд, агар дурӯғ гӯянд, барканор мешаванд: қонуни нав
Ба иттилои кумита, дар вебсайти расмии шӯъба "Ҳисоби шахсии андозсупоранда" мавҷуд аст, ки тартиби пешниҳоди эъломияи даромади шахсони мансабдори Тоҷикистонро осон мекунад.
Инчунин, тамоми шаҳрвандоне, ки дар ин захираи интернетӣ сабти ном шудаанд, метавонанд аз ин манбаи иттилоотӣ барои ҷамъоварӣ ва интиқоли тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ мустақиман ба Кумитаи андоз истифода баранд.
Қайд карда мешавад, ки ҳамаи хадамоти андози минтақавӣ бояд хизматчиёни давлатиро, ки эъломияи андоз аз даромадро то 1 апрели соли баъд аз соли ҳисоботӣ ба таври электронӣ пешниҳод мекунанд, сабти ном кунанд. Ғайр аз ин, ҳама тоҷикистониён ҳангоми ворид шудан ба хизмати давлатӣ бояд сабти ном шаванд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, инчунин шаҳрвандони кишвар, ки ба хизмати давлатӣ ворид мешаванд, вазифадоранд, ки ин қоидаҳоро риоя кунанд.
Дар ин ҳолат, сабаби аз кор озод кардан ё рад кардани қабул ба хизмати давлатӣ метавонад нодурустии маълумоти дар декларатсия пешниҳодшуда ё ба мақомоти андоз пешниҳод накардани эъломияи даромад бошад.
Шарти нави вазифадиҳӣ ба судяҳо: танҳо пас аз пешниҳоди маълумот оид ба дороӣ
Теъдоди хизматчиёни давлатии Тоҷикистон, имрӯз тақрибан 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки тибқи қонунгузорӣ, вазифадоранд ҳар сол то аввали апрел ба мақомоти андоз дар бораи даромади солона ва манбаъҳои асосии худ ҳисобот диҳанд.
Талаби пешниҳоди эъломияи дороии хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 17 сол пеш шурӯъ шуда буд.
Бар асоси талаботи қонунгузорӣ қаблан, дар эъломияи вазъи моликият, ба ҷуз аз амволи ғайриманқул ва мошинҳо, онҳо бояд шумораи ҳайвонот, паррандаҳо, пасандозҳо, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳоро низ нишон медиҳанд.
Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта шаклҳои нави эъломияҳоро дар бораи даромадҳо ва амволи хизматчиёни давлатӣ қабул карда, ки онҳоро вазифадор кард то даромадҳо аз фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ, даромад аз амволу заминҳои ба иҷора гирифташуда, даромад аз қитъаи шахсӣ, инчунин даромад аз пасандозҳои бонкӣ ва коғазҳои қиматнокро низ пешниҳод кунанд.