ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Тоҷикистон дар феҳристи СММ оид ба тақвияти технология ва ворид намудани навоварӣ дар ҷои 143-юм қарор гирифтааст, гуфта шудааст дар гузориши технологӣ ва навоварии Конфронси СММ оид ба савдову рушд (UNCTAD).
Ҳамин тавр, дар феҳристи ҷаҳонии омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон бо Тимори Шарқӣ ва Комор ҳамсоя буда, миёни 158 кишвари ҷаҳон дар ҷои 143 қарор гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон 0,10 имтиёз ба даст овард.
Дар ин феҳрист Амрико, Швейтсария ва Британиё пешсафанд. Дар охири феҳраст Яман, Гамбия ва Ҷумҳурии Демократии Конго қарор гирифтаанд.
Дар баробари ин, Қазоқистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми баландтаринро ишғол намудааст ва ин кишвар дар ҷои 62-юм қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, Русия дар ҷои 27, Беларус 59, Арманистон 83, Озарбойҷон 100, Қирғизистон 115 қарор гирифтаанд.
Ӯзбекистон ва Туркманистон дар ин феҳрист шомил нашудаанд.
Рейтинг тибқи намояи тавсифкунандаи "қобилияти татбиқ, қабул ва мутобиқсозии технологияҳои пешрафта" асос ёфтааст.