Дар Чин ягон камбизоат намонд? Син Ҷинпин аз пирӯзӣ бар фақр хабар дод

Кишвардори Чин мегӯяд, давоми ҳашт соли ахир тақрибан 100 миллион нафар дар ин кишвар тавонист аз фақр берун оянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Син Ҷинпин аз пирӯзии давлаташ бар камбизоативу нодорӣ хабар дод, менависад агентии "Синхуа".
Ба иттилои манбаъ, кишвадори Чин дар ин бора зимни суханронӣ дар ҳамоиш бахшида ба натиҷаҳои мубориза бо камбизоатӣ иброз дошт.
Ёддошти Тоҷикистон ба Чин бар сари Помир: Пекин посух дод
Ба гуфтаи роҳбари Чин, дар тӯли ҳашт соли охир тақрибан 100 миллион нафар дар ин кишвар тавонистанд аз сатҳи камбизоатӣ бароянд.
"Ба туфайли саъю кӯшиши якҷояи Ҳизби коммунистӣ ва халқи Чин мо дар мубориза ба муқобили камбизоатӣ ғалабаи комил ба даст овардем", - шарҳ дод Ҷинпин.
Ӯ инчунин зикр кард, ки тайи солҳои охир 98,99 миллион нафар сокинони деҳот аз сатҳи камбизоатӣ бароварда шуданд.
Илова бар ин, ӯ хабар дод, ки 832 шаҳристон ва 128 ҳазор деҳа аз рӯйхати минтақаҳои камбизоати Чин хориҷ карда шуданд.
"Бо чунин муваффақиятҳо Чин мӯъҷизаи дигаре эҷод кард, ки дар таърих боқӣ хоҳад монд", - илова намудаст роҳбари Чин.
Бояд тазаккур дод, ки бори аввал Син Ҷинпин ғояи коҳиши мақсадноки камбизоатиро ҳанӯз соли 2013 зимни сафари санҷишӣ ба музофоти Хунан дар маркази Чин эълон карда буд.
Аз оғози сиёсати ислоҳот ва бози Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз охири солҳои 70-уми асри гузашта амалӣ мешавад, 770 миллион сокини деҳот аз камбизоатӣ раҳо карда шуданд.