Коршиноси тоҷик гуфт сармо ба ҳосил чӣ гуна зарар мерасонад

Паст шудани ҳарорати ҳаво дар мамлакат барои кишоварзон номусоид арзёбӣ мешавад. Бо сабаби якбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар минтацащои Тоыикистоон эҳтимоли зиён дидани зироати хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров  дар сӯхбат бо “Ховар” иброз дошт, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор  бетаъсир намемонад.
Ҳалокати 14 нафар дар Афғонистон бар асари сармо ва барфи зиёд
Ба гуфти вай, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.
 Ҳикматулло Назиров аз ҷумла зикр кард, ки кишоварзон бояд талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд.
“Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад”, - гуфт донишманд.
 Ҳамчунин вай гуфт баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст.
“Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад”, - қайд кард Ҳикматулло Назиров. 
Роҳсозӣ дар сармо: аз "хокасфалт" то "бадтар аз пешин"
Бино ба гуфтаи донишманд дар  ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд.
Ва илова кард, ки дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф  зиён намебинанд.
Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад.
“Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст”, - гуфт донишманди тоҷик.