Коммунисти содиқи ҲХДТ: Шарифзода гуфт, то Муъминобод ҳаст, Ленин мемонад

Раиси тозатаъйини ноҳияи Муъминобод ба саволи чаро ҳайкали Владимир Ленин, поягузори револютсияи сохти сотсиалистии асри пор, то ҳанӯз дар маркази ин ноҳия барқарор мондааст, посух гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Лутфия Шарифзода, зимни нишасти хабарияш гуфт, ки то вақте Муъминобод ҳаст, ҳайкали ӯ низ хоҳад монд, менависад, сомонаи “Пайк”.
“Мо Ленинро чун гавҳараки чашм нигаҳ медорем ва то вақте Муъминобод ҳаст, ҳайкали ӯ низ хоҳад монд”,- гуфт Шарифзода.
Ӯ ҳамзамон ба суоли оё раиса узви ҳизби коммунистанд, низ посух гуфта, изҳор доштааст, ки узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст.
Дар Тоҷикистон муҷассамаи “Рамзи китоб” бунёд мешавад
“...ман узви ҲХДТ ҳастам, аммо ба партияи коммунистӣ ва Ленин содиқам”,- таъкид кардааст Шарифзода.
Муҷассамаҳои Владимир Ленин ҳамчун мероси замони Шӯравӣ қариб дар ҳама марказҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистонро буданд.
Тадриҷан тайи солҳои ахир онҳо барчида шуда ба ҷояшон рамзҳои муосири давлатдории Тоҷикистон ҳамзамон пайкараҳои Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, парчам ва ё Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иваз шуданд.
Нахустин ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе бо дастури шаҳрдори он замон Мақсуд Икромов дар тирамоҳи соли 1991 канда шуд, ки эътирозҳои густурдаи ҷонибдорони коммунистҳоро дар пайи дошт.