Ҳисси бадбинӣ: домод додарарусашро корд зад

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 27-сола хабар дод, ки дар таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатии додарарусаш гумонбар дониста мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохила, ҳодисаи мазкур санаи 7-уми январи соли равон дар маҳаллаи Бедаки ҷамоати деҳоти Д.Холматов ноҳияи Б.Ғафуров сурат гирифтааст.
Ронандаи фирорӣ пас аз шикояти хабарнигор ба Рамазон Раҳимзода боздошт шуд
Гуфта шудаааст, ки номбурда, дар назди бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми маҳаллаи Бедаки ҷамоати деҳоти Д.Холматов бо додари ҳамсараш, ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматов вохӯрда, аз рӯи хусумат ва ҳисси бадбинӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол намудааст.
“Ҳангоми ҷангу ҷанҷол ҷавони 27-сола додари ҳамсарашро бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба панҷаи дасти рости охирон задааст”, - таъкид доштааст ВУД-и Тоҷикистон.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.