Дар Душанбе бо харҷи 5 миллион доллар корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ бунёд мегардад

Ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” тасмим гирифтааст, ки дар Душанбе корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ба роҳ монад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik.  Дар  робита ба ин дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе созишномаи сармоягузорӣ  ба имзо расид.
Дар Тоҷикистон 83 корхонаи нав ифтитоҳ ёфту 124 корхона аз фаъолият бозмонд
Тавре дафтари матбуоти кумитаи сармоягузорӣ хабар додааст, тибқи нақша, корхонаи саноатии истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар майдони 7 гектар сохта шуда, беш аз 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. 
“Корхонаи мазкур дар доираи амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – саноатикунонии мамлакат бо сармоягузории  умумии 5 миллион доллари амрикоӣ бунёд мегардад”, - гуфта шудааст дар хабари Кумита.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба амалишавии “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Тоҷикистон” мусоидат намуда, ба ҳадафи миллии чоруми стратегӣ дар самти саноатикунонии кишвар мутобиқ мебошад.