Байден маҳдудиятҳоро лағв кард: соҳибони Green Card метавонанд вориди Амрикоро шаванд

Ба изҳори Байден, маҳдудияте, ки собиқ кишвардор ҷорӣ кард, соҳибони Green Card натавонистанд вориди Амрико шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден фармони Доналд Трамп собиқ кишвардор дар бораи маҳдудияти вуруд ба ин кишвар бекор кард, менависад РИА Новости.
Қатъи вуруд аз 6 давлат: Трамп минбаъд шаҳрвандони Қирғизистонро ба Амрико роҳ намедиҳад
Доналд Трамп ҳанӯз моҳи апрели соли гузашта фармонеро ба тасвиб расонд, ки вуруди шаҳрвандони хориҷ ба қаламрави ин кишварро манъ кард. Трамп тасмимашро чунин шарҳ дод, ки "шаҳрвандони хориҷ ба бозори меҳнатии ИМА хатар ворид мекунанд".
Трамп фармонашро то моҳи марти имсол тамдид карда буд, вале он акнун аз ҷониби роҳбари нави Амрико бекор шуд.
Ҷо Байден тасмими Трампро нодуруст ва мухолифи манфиатҳои ИМА арзёбӣ кард. Раисҷумҳури феълӣ мегӯяд, маҳдудияти ҷоринамудаи Трамп баръакс ба Амрико зарар расонад, зеро "аъзоёни хонаводаи шаҳрвандони Амрико аз имкони дидорбинӣ бо пайвандони худ маҳрум шуданд".
Байден чанд фармони Трампро бекор кард: ӯ ба вуруди мусалмонон иҷозат дод
Ба таъкиди Байден, аз сабаби маҳдудиятҳои Доналд Трамп шахсоне, ки дар лотереяи солона иҷозати иқомати ИМА (корти сабз) ба даст оварданд, натавонистанд вориди ин кишвар шаванд.
Бояд гуфт, ки ИМА соле барои 50 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомат ва кор дар ин кишварро тавассути корти сабз фароҳам меорад.
Қаблан, кишвардори феълӣ фармони Трамп дар мавриди манъи вуруд барои мусалмонони аксар кишварҳо ба Амрикоро лағв карда буд.