ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, қурби рубли русӣ имрӯз каме боло рафта, дар бозори ғайринақдӣ 0.1528 сомониро ташкил медиҳад. Рӯзи гузашта ин нишондод ба 0.1506 сомонӣ баробар буд.
Қурби як доллари ИМА имрӯз 11.3035 сомонӣ ва 1 евро – 13.7383 сомонӣ муқаррар гардидаанд.
БМТ инчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро ироа кардааст.
Манбаъ мегӯяд, қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои молиявии ҷумҳурӣ имрӯз аз 11.30 то 11.33 сомонӣ ва 1 евро аз 13.7 то 13.8 сомониро ташкил медиҳад.
Қурби имрӯзаи рубли русӣ дар бозори нақди Тоҷикистон аз 0.1528 то 0.1535 сомонӣ мебошад.
БМТ ҳушдолр додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.