ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Баҳси соҳиб шудан ба моликият миёни Раёсати маорифи Суғд ва шуъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд, ки ҳудуди даҳ моҳ давом дошт, ниҳоӣ шудааст.
Дар пайи ба вуҷуди омадани баҳс Гумбази осмони ситоразор ё Планетарий то оғози соли ҷорӣ дарҳояш баста буд.
Дар поёни соли гузашта қарори раиси вилояти Суғд, дар бораи дубора ба молики қаблияш Раёсати маорифи Суғд гузаронида Планетарий содир шудааст.
Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи Хуҷанд сабаби баҳси ба вуҷудомада бо шуъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷандро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, соли 2020 баъди он, ки Планетарий ба боғи навбунёди ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ кучонида шуд, баъзеҳо хостанд ин моликияти соҳаи маорифро соҳибӣ кунанд.
“Аз сабаби он, ки бинои Планетарий дар дохили иншооти соҳаи фарҳанг қарор дорад, нафароне пайдо шуданд, ки аз ин истифода карда, Планетарийро ба мувозинати худ гирифта минбаъд истифодаашро дар ихтиёр бигиранд, аммо мо қотеъона зид баромадем”, - гуфт Каримзода.
Баҳси соҳиб шудан ба Планетарий миёни Раёсати маориф ва шуъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ба дараҷае шадид буд, ки ин иншооти нави ҷашнии Наврӯзи соли 2020, ҳудуди 10 моҳ дарҳояш баста буд. Хонандаҳои макотиб ва сокинон аз тамомошои осомони ситоразор бебаҳра монда буданд.
Планетарийи Раёсати маорифи Суғд ягона маркази омӯзишӣ аст, ки тавассути таҷҳизотҳои оптикӣ хонандаҳои мактаб рӯзона ба таври маҷозӣ осомни ситоразорро тамошо мекунанд.
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд барои бунёди бино ва ворид намудани таҷҳизоти оптикии (видеопроектор) и нави Планетарий – як иншооти ҷашнии соли 2020, ба ширкати "Мерос и К" розигӣ дод, аммо барои пардохти маблағ ба ин ширкат кор ба мушкил печида буд.
Дар пайи бунёд шудани боғи ба номи Абӯмаҳмуд ва ҳам бинои Планетарий, ки фармоишгари он ҳукумати Хуҷанд аст, шуъбаи фарҳанг даъво намуд, ки ин иншоот ҳарду ба мувозинати онҳо гузаронида шавад.
Аммо масъулони Раёсати маорифи Суғд ва омӯзгорону кормандони Планетарий таъкид варзидаанд, ки кайҳоншиносӣ як соҳаи илми алоҳида буда, ҳеҷ алоқамандӣ ба соҳаи фарҳанг надорад.
Сардори Идораи маорифи Суғд, зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки ҳатто баъзеҳо барои дар ҳудуди шаҳр ҷойгир будани Планетарий ҳам даъво доштанд, ки он моликияти шаҳри Хуҷанд шавад.
“Мо ба ин иддаои онҳо зид баромада гуфтем, ки ин иншооти Раёсати маорифи вилоят ва бояд тамоми сокинони вилоят аз он баҳрабардорӣ кунанд. Ниҳоят қарори раиси вилоят баромад ва Раёсати маориф дубора ба моликияти худ соҳиб шуд”, - зикр намуд Каримзода.