ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, марди 61 - соларо боздошт намуданд, ки дар сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, номбурда сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров мебошад.
Ҳодисаи нохуш рӯзи 22 феврал, тахминан соати 07:00 дар манзили истиқоматии боздоштшуда рух додааст.
Манбаъ меафзояд, мард аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсари 61 - солааш, бо корд 1 маротиба ба қафаси сина ва 6 маротиба ба шиками ӯ задааст.
Зимнан, аз ин ҳолат фарзанди онҳо бохабар шужда, хост модарашро аз чанги падар раҳо кунад, ки дар натиҷа мард духтари 34-солаи худро низ бо корд маҷрӯҳ кард.
Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
ВУД-и Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.