Ронандаи фирорӣ пас аз шикояти хабарнигор ба Рамазон Раҳимзода боздошт шуд

Ронандае, ки авоили моҳи ҷорӣ бо худраваш ба мошини як хабарнигори тоҷик бархӯрду фирор кард, боздошт шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Хабарнигори рӯзномаи "Тоҷикистон"Ахмедов Абдумудассир зимни нишасти хабарии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба роҳбари ин ниҳод аз болои як ронанда шикоят кард.
Хабарнигор аз Рамазон Раҳимзода дархост кард, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел - Астра" чораҳои қонунӣ андешанд.
Боздошти ронанда ва оғози парванда: марди 60 - соларо пахш карду аз ҷои ҳодиса гурехт
Ба таъкиди Абдумудассир, санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ дар назди Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе ронандаи мазкур ба худрави ӯ бархӯрд. Ҳарчанд мошини хабарнигор зарари техникӣ дид, вале ронанда ба хотири пинҳон шудан аз ҷавобгарӣ, ҷойи ҳодисаро фавран тарк кард.
Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бо супориши бевоситаи Рамазон Раҳимзода, кормандони пулис ронандаи фирориро боздошт карданд.
Номбурда Хушвахтзода Мадати 38 - сола, сокини шаҳри Ваҳдат мебошад.
Ронандаи фирорие, ки сабаби марги чаҳор нафар гардид, боздошт шуд
Манбаъ меафзояд, нисбати номбурда бо моддаи 333 қисми 1 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол карда шуд.
Ҳамзамон ронанда муваззаф шуд, ки зарари техникии автомашинаи хабарнигорро пурра барқарор кунад.