ДУШАНБЕ, 23 фев – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо вазири кишвари Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амниятӣ муҳокима кард, хабар додааст дафтари матбуоти раисиҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот зикр шуд, ки то ба имрӯз миёни кишварҳо зиёда аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳоро ташкил медиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон зарурати татбиқи ҳамаҷонибаи санади дар соҳаи амниятӣ баимзорасидаро, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байни мақомоти умури дохилии ду кишвар заминаи мусоидро фароҳам овардааст, бахусус таъкид кардааст.
"Вобаста ба ин сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади мазкур ҷалб кард", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои умдаи шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар пасманзари пандемияи коронавирус мавзӯи зуҳуроти бӯҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ низ, ки бешубҳа, ба вазъи кунунӣ ва ояндаи кишварҳои минтақа ҷиддан таҳдид мекунад, мавриди баррасӣ қарор доштаст.
Дар ин зимн ҷонибҳо дар мавриди иқдоми амалии ҳукуматҳои ду кишвар ҷиҳати мубориза бо пандемия мубодилаи иттилоъ карда, масъалаҳои дигари рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.