ДУШАНБЕ, 22 фев— Sputnik. Сафири Тоҷикистон бо амри минтақаи Маккаи Арабистони Саудӣ мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
21 феврал дар Ҷидда вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Амири минтақаи Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ шоҳзода Холид Ал-Файсал ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор гардид.
"Дар мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг баррасӣ шуданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба тавсеаи бештари ҳамкории судманд дар партави роҳнамоиҳои роҳбарони ду кишвар таъкид намуданд.
Пештар дар бораи оғози маросими ҳаҷи умра дар Арабистони Саудӣ хабар дода шуда буд.
Саъдулло Қурбонов, раҳбари ширкати "Расул", яке аз ду ширкати тоҷикистонии ташкили ҳаҷҷи умраву фарзӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, то ба ҳол сари замону шароити қабули зойирини тоҷик бо Арабистони Саудӣ тавофуқ сурат нагирифтааст.
"Мо аз ҷониби худ тамоми ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба он ҷониб ирсол доштаем. Ҳоло мунтазир ҳастем, ки он ҷониб чӣ мегӯяд. Ин ҳама ба ҳамагирӣ (пандемия) – и "вируси корона" рабт дорад. Низоми пазириш дигар шудааст, қаблӣ нест. Тадобири иловагӣ ва мураккаб барои фурудгоҳҳову дигар зерсохторҳои Саудӣ пеш омадааст, ки бояд гирифта шаванд. Масалан, 1 ноябр зойирини Индонезияро қабул кард. Ҳамин тавр, ба навбат зойирини дигар кишварҳоро хоҳад пазируфт", - гуфт Саъдулло Қурбонов.
Қаблан Арабистони Саудӣ эълон карда буд, ки аз оғоз моҳи ноябр ба зоирон иҷоза медиҳад, то аз дохилу хориҷи кишвар сафар кунанд ва маросими ҳаҷро комилан анҷом диҳанд.
Бино ба иттилои расонаҳои арабӣ, Саудӣ метавонад рӯзона 20 ҳазор зойир ва 60 ҳазор намозгузорро қабул кунад.