Лижаронии Путин ва Лукашенко баъди мулоқоти расмӣ - видео

Пас аз мулоқоти расмӣ, президентҳои Русия ва Беларус Владимир Путин ва Александр Лукашенко ба лижаронии кӯҳӣ дар Красная Поляна рафтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Президентҳои Русия ва Беларус Владимир Путин ва Александр Лукашенко пас аз музокирот ба Красная Поляна барои лижаронӣ рафтанд.
Пас аз баргузории мулоқоти расмӣ, Путин ва Лукашенко муошираташонро дар фазои ғайрирасмӣ идома доданд - президентҳо барои сайр аз лижаҳо ва мошинҳои барфгард истифода карданд.
Хотиррасон мекунем, ки Лукашенко дар охири ҳафта ба Русия омад. Роҳбари Русия ҳангоми мулоқот дар Сочи ҳамкорашро ба лижаронӣ даъват кард - "то пас аз соатҳои кории имрӯза истироҳат кунад".
Жириновский сиёсати Лукашенкоро сахт танқид кард
Пештар хабар дода шуд, ки дар Сочи дар Красная Поляна дар баландии 1389 метр аз сатҳи баҳр мулоқоти президентҳои Русия ва Беларус оғоз ёфт.
Путин: рӯйдодҳои Қарабоғи Кӯҳӣ ва Қирғизистон вазъияти СААД - ро мушкил кард
Тавре ки қаблан хадамоти матбуоти ҳарду раҳбар хабар дода буданд, мавзӯи асосии музокирот ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳоди Русия ва Беларус буд.
Қобили зикр аст, ки Путин ва Лукашенко аксар вақт якҷоя ба таътил мераванд. Ҳамин тавр, онҳо аллакай дар соли 2019 ба лижаронии кӯҳӣ фаромаданд, пас сарвари Беларусро писари хурдиаш Николай ҳамроҳӣ мекард.