Диди дигар: аз аксҳои кайҳонии куҳҳои Қароқурум то саҳрои Кабир

Оё шумо ягон бор дидаед, ки кӯҳи Фудзияма аз кайҳон чӣ гуна менамояд? Акнун барои ин ба шумо кайҳоннавард шудан шарт нест
Sputnik
Барои дидани намоҳои нуқтаҳои гуногуни Замин аз кайҳон дар асри ҷадид шарт нест, инсон кайҳоннавард бошад. Кофист, ки танҳо ба аксҳое, ки мо барои шумо интихобу ҷамъоварӣ кардаем, назар кунед.
Внеземная красота: российский космонавт снял северное сияние - YouTube
Навори зебоии шафақи қутбӣ аз Кайҳон
Замин аз кайҳон ба куллӣ дигаркуна ба назар мерасад. Худи ҳамон кӯҳҳо, абрҳо, соҳилҳо ва ҷазираҳо аз фазои кайҳонӣ ғайриоддӣ ва баъзан шинохтанашавандаанд. 
Беҳтарин аксҳо ва паёмҳо аз кайҳон дар моҳи май - гузориши аксӣ
Кайҳонавардонро, ки чунин манзараҳоро мебинанд, хушбахт гуфтан мумкин аст. Ҳангоми сафар ба кайҳон, аксарияти онҳо дастгоҳҳои аксбардориро худро бо худ мегиранд, то баъдтар тамоми зебоиҳои сайёраи худро ба онҳое намоиш диҳанд, ки аз имконияти беназири дидани манзараҳои заминӣ аз кайҳон маҳруманд.
Мо дар гузориши тасвириии худ аксҳои дар замонҳои гуногун гирифтаи кайҳоннавардони Пойгоҳи байналмилалии кайҳониро ҷамъ овардем. Тамошо кунед ва лаззат баред.