Омодагии Русия барои ҳамкорӣ дар тавлиди муштараки ваксина бар зидди корона бо Амрико

Раиси Бунёди сармоягузории мустақими Русия, ки дастандаркори таъмини молии тарҳи тавлиди ваксинаи “Спутник-V “ аст барои ҳамкорӣ бо Амрико дар тавлиди муштараки ваксинаи корона эъломи омодагӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Крилл Димитрев ахиранд дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Россия 24 гуфт, ки омехта кардани бахшҳое аз ваксинаи “Спутник-V” бо ваксинаҳои амрикоии Модерн ва Файзер ин ваксинаҳоро муассиртар мекунад ва бо чунин талфиқе аз ваксинаҳо метавон ба таври муассиртар бо анвоъи тағйири моҳиятёфтаи вируси корона мубориза кард.
Алорағми Амрико: "Спутник V" ҷаҳонро тасхир мекунад - навор
Раиси Бунёди сармоягузории мустақими Русия илова кард, ки бисёре аз кишварҳо хоҳони дарёфти ваксинаи “Спутник-V” ҳастанд ва ин ваксина то кунун дар 31 кишвар сабт шудааст.
Русия нахустин кишвар дар ҷаҳон буд, ки ваксинаи Ковид 19-ро бо номи “Спутник-V” сабт кард, ки мизони масуниятзои он 91 дарсад эълом шудааст.
То кунун хабарҳои зиёде дар бораи мавориди фавт ва аломатҳои шадид баъд аз тазриқи ду ваксинаи Модерн ва Файзер дар Амрико ва кишварҳои дигаре, ки истифода аз ин ваксинаҳоро таъйид кардаанд, гузориш шудааст.
Таъхир дар тақсим ва гузоришҳои гуногун  дар мавриди асароти манфии ваксинаҳои амрикоӣ ва британияӣ  мӯҷиби истиқболи бештари кишварҳои ҷаҳон барои дарёфти ваксинаҳои русӣ ва чинӣ шудааст.