ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш изҳор дошт ки, дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ соли 2020 дар ҷумҳурӣ 566 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 54 адад автомат, 65 адад таппонча, 138 адад милтиқ ва карабин, 302 адад силоҳҳои суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, миқдори силоҳи аз соли 1994 то ин ҷониб дар ҷумҳурӣ мусодирагардида 44 ҳазору 37 ададро ташкил медиҳад.
Вазир гуфт, давоми соли гузашта дар ҷумҳурӣ 23 ҳазору 460 (2019 — 21 996) ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 18 ҳазору 887 адади он ошкор гардид. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 15 ҳазору 542 ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шуданд.
Номбурда гуфт, соли 2020 дар мамлакат 107 ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ — 135, таҷовуз ба номус — 34, роҳзанӣ — 33, савдои одамон — 12, ғоратгарӣ — 161, авбошӣ — 1325, қаллобӣ — 2866, гардиши ғайриқонунии силоҳ — 44, дуздӣ — 6197, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор — 602 ва ҷиноят бо истифодаи силоҳ – 42 ҳолат ба ҳисоб гирифта шуданд.
Соли гузашта 2 ҳазору 71 нафар дар ҷустуҷӯ эълон гардида, аз ин шумора 1 ҳазору 973 нафарашон дастгир карда шуданд, таъкид кард вазир.