Ин ҳамаро хароб мекунад: бо чӣ Пентагон мехоҳад Русияро “боз дорад”

Маскав аз дурнамои барномаҳои зидди дифои мушакии Амрико дар кайҳон нигарон шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 феврал – Sputnik, Андрей Коц. Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия гуфт, татбиқи нақшаҳои Вашингтон низоми мавҷудаи амнияти байналмилалиро метавонад вайрон кунад.
Дипломат таъкид кард, ки агар ин иқдом муваффақ шавад, амрикоиҳо метавонанд мустақиман аз кайҳон ба минтақаҳои мавқеии мушакҳои баллистикӣ зарба зананд.
Сиёсатшиноси ҳарбӣ: вектори ҳамкорӣ миёни Русия ва Амрико тағйир меёбад

То 30 дарсад

Дар моҳи август, нерӯҳои кайҳонии Амрико доктринаи низомии худро нашр карданд. Нуктаи асосии санад дар он аст, ки назорат аз кайҳон банақшагирӣ ва гузаронидани амалиётҳои низомиро низ фароҳам меорад. Муаллифон қайд карданд, ки аз замони қадим, фармондеҳон талош доштанд пеш аз ҷанг баландиеро ишғол намоянд то барои худ бартарии стратегӣ дошта бошанд – ҳаракати  душманро назорат кунанд, майдони ҷангро бидуни дахолати касе контрол намоянд ва аз ҳамлаҳои ногаҳонӣ худро ҳифз кунанд. Мавқеи беҳтарин дар асри 21 ин кайҳон аст ва ба ақидаи Пентагон, онро бояд нерӯҳои кайҳонии Амрико назорат кунанд.
Доктрина ҷойгиркунии силоҳои стратегиро дар кайҳон истисно намекунад. Роҳбари Пентагон Ҷеймс Мэттис моҳи августи соли 2018 гуфта буд, ки кайҳонро бояд ҳамчун "театри нави ҷанг" дида шавад. Ба гуфтаи ӯ, "омили калидӣ зарурати ҷойгиркунии таҷҳизоти ошкоркунии партоби мушакҳо дар кайҳон мебошад."
Коршиносон бар онанд, ки бо насби таҷҳизот дар кайҳон Амрико метавонад силоҳро низ ҷойгир кунанд. Амрико қаблан тарҳҳои мустақар кардани мушакҳои миёнбурро  дар кайҳон, ки қобилияти нобуд кардани мушакҳои дурбурди Русияро доштанд, ҳануз дар даврони Ҷанги Сард дошт.
Байден фурӯши силоҳро дар Амрико маҳдуд мекунад
"Онҳо барномаҳои низомкунонии кайҳон ҳануз дар даврони Трамп оғоз карданд", - шарҳ дод коршинос-амрикошинос Сергей Судаков ба РИА Новости. "Онҳо нерӯҳои кайҳониро таъсис доданд, шумораи партобҳои мушакҳоро ба кайҳон низ зиёд карданд. Маълум аст, ки ин раванд дар замони Байден идома хоҳад ёфт. Амрико тамоми имконотро барои татбиқи лоиҳаи мудофиаи зиддимушакӣ дар кайҳонро дорад. Бисёре аз моҳвораҳои тиҷоратиро метавон барои мақсадҳои низомӣ истифода бурд".
Дар ҳамин ҳол коршинос бар он аст, ки ҷойгирнамудани низоми мудофиаи зиддимушаки пурра имконияти мушакии Русияро нобуд карда наметавонад.

Ҷангҳо дар кайҳон

"Маскав ба ин гуна ташаббусҳо бояд шадидтар вокуниш нишон диҳад", - қайд кард Судаков.
Вай гуфт, агар мо дуруст нишон диҳем, ки низомишудани кайҳон хати сурх аст, мо метавонем ҳадди ақал ҷойгиркунии низоми мудофиаи зиддимушакӣ дар кайҳонро ба таъхир андозем.
Коршиносон бар онанд, ки дар сурати шиддат ёфтани вазъи байналмилалӣ, Русия метавонад на танҳо моҳвораҳои кишварҳои Ғарбро мушоҳида кунад, балки онҳоро нобуд кунад.