ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ахиран вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо директори Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, Сидиқзода Шералӣ мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ, тақвияти фаъолият дар самти рушди инфрасохтори зарурӣ ва татбиқи амалии лоиҳаи “Таҳкими устувории иҷтимоӣ - иқтисодӣ”- ро мавриди муҳокимаи корӣ қарор доданд.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар доираи ҳамкориҳои муштараки Вазорат бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистону Бонки умумиҷаҳонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, М.А. Ҳамадонӣ, Фархор ва Панҷи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ марказҳои касбомӯзӣ барои ҷавонон сохта ва бо инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Зикр шудааст, ки ин марказҳои касбомӯзӣ барои соҳибкасб намудани ҷавонон дар кишвар мусоидат хоҳад кард.