ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш гуфт, ки ҷустуҷӯи афроди барқдузд натиҷаҳои ғайричашмдошт овард.
Вай хотиррасон кард, ки бинобар камбуди об дар Тоҷикистон, ки дар таъмини барқ мушкилот пеш овард, дар ҷумҳурӣ гурӯҳҳои корӣ барои муайян кардани дуздии нерӯи барқ ташкил карда шуданд.
Аз 10 декабри соли 2020 бисёр ҳолатҳои дуздии нерӯи барқ муайян карда шуданд, ки дар маҷмӯъ тақрибан 250 миллион сомониро ташкил медиҳанд.
Аммо ба ҷуз дуздии нерӯи барқ, дигар ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳо низ ошкор карда шуданд.
"Аз ҷумла, шахсони дар ҷустуҷӯбуда боздошт шуданд, якчанд далели куштор ошкор гардид. 52 далели истифодаи ғайриқонунии таҷҳизоти барқӣ барои истихроҷи криптоасъор ошкор ва 14 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд", - гуфт Раҳимзода.
Сардори ВКД дар бораи ҷиноятҳои дар вақти рейдҳо ошкоргардида тафсилоти бештар надод.