Боз хунукӣ меояд: КҲФ аз боронгариҳо ва резиши барф ҳушдор медиҳад

Моҳи феврал дар Тоҷикистон ҳаво ба мисли фасли баҳор гарм буд ва дар аксар минтақаҳо дарахтони зардолу гул кард, вале КҲФ боз аз сардшавии ҳаво ҳушдор медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Аз 20 то 23 - юми феврал ҳавои Тоҷикистон ноустувор мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз боронгариҳо ва ҳамчунин боришоти шадиди барф дар аксар минтақаҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки шиддатнокии шадиди боришот дар ноҳияҳои кӯҳӣ боиси шуста бурдани хок мешавад.
Ҳавоӣ баҳорӣ дар ҳамворию сардӣ дар куҳсорон: пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз
Ҳамчунин сатҳи об дар дарёҳо, обанборҳо афзоиш ёфта, боиси хароб кардани соҳилҳои дарёҳо ва кӯлҳо мегардад.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи боришот, хатари фаромадани тарма, сел ва сангрезӣ низ мавҷуд аст. Обу ҳавои ноустувор, ҳамзамон ба чаронидани чорво дар чарогоҳҳо душвор месозад.
Илова бар ин, боришоти зиёд  боиси болоравии шадиди сатҳи об дар болооби дарёҳои кӯҳӣ ва ҷараёнҳои хурд мегардад. Боришоти зиёд метавонад боиси обхезӣ дар ҷойҳои нисбатан пасттар, заминҳои кишт, шустани қитъаҳои роҳ ва ҳамчунин ба хароб намудани пулҳо ва сарбандҳо оварда расонад.
Ба ҳамин минвол, КҲФ аз тамоми шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки дар чунин ҳавои номусоид аз сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум худдорӣ кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми ҷӯйборҳои обёрӣ, қубурҳо ва ҷӯйборҳоро, ки дар назди хонаҳояшон ҷойгиранд, тоза кунанд.
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, хусусан ҳангоми истифодаи роҳҳо ва ағбаҳои кӯҳистон, КҲФ аз ронандагон даъват мекунад, ки ҳаракаташонро, хусусан шабона маҳдуд кунанд.