ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз дар рафти нишасти матбуотӣ қазияи кордкашии як донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро, ки деканро захмӣ намуда буд, шарҳ дод.
Ёдрас мешавем, ҳодиса охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ рух дода буд. Тибқи иттилои пешакии вазорат, Айниддин Давлатов, донишҷӯи курси дувуми Факултети менеҷменти байналмилалии ДТТ Имомназаров Музафарро корд задааст.
"Донишҷӯи макзкур санаи 28 январи соли 2021 бо корд мусаллаҳ гашта, дар ошёнаи 3-уми донишгоҳ декани факултаашро бо корд як маротиба бо шикамаш задааст", - тавзеҳ доданд намояндагони вазорат.
Тавре онҳо афзуданд, сабаби ба ин кор даст задани гумонбаршаванда, сарзаниши падар баъди даъваташ аз ҷониби декан ба донишгоҳ будааст.
"Донишҷӯ ба таври мунтазам дар дарсҳо иштирок намекардааст, нисбати устодон беэҳтиромӣ зоҳир мекардааст, аз имтиҳон низ қарздор будааст ва бо ҳамин сабаб декани факултет падарашро даъват карда, сӯҳбат мекунад ва баъд аз сарзаниши падар донишҷӯ қасди куштори устодашро тарҳ мекашад", - афзуданд намояндагони ВКД Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, дар бораи ҳодисаи коркашии донишҷӯ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахустин шуда Sputnik Тоҷикистон гузориш дода буд.
Бояд гуфт, ки қазияи маҷрӯҳ шудани декан аз ҷониби донишҷӯро чанде пеш рӯзноманигорон аз Вазири маорифи Тоҷикистон низ пурсон шуданд.
Имомзода дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки ҷурми декан ҳам дар ин масъала истисно нест.
Вазир посух гуфт, ҳоло он иттилое, ки дорад, яктарафа аст ва то тафтиши пурраи ҳодиса аз ҷониби мақомот ба хулосае омада наметавонад.
"Ҳоло мақомотҳои марбута ин ҳолатро тафтиш доранд, лекин барои мо ҳарду ҳам баданд. Он чизҳое ки мо шунидем якҷониба аст, лекин ман мехостам ҷониби донишҷӯро низ шунавам", - таъкид кард вай.
Ба гуфтаи Имомзода, вақте санҷиш ба итмом мерасад, ин масъаларо дар сатҳи тамоми донишгоҳҳо баррасӣ мекунад.
Ба гуфтаи Имомзода, вақте санҷиш ба итмом мерасад, ин масъаларо дар сатҳи тамоми донишгоҳҳо баррасӣ мекунад.