Бӯи баҳор: Душанбе дар иҳотаи гулҳои зебо - акс

Табиати зебои Душанберо навдаҳои хушбӯи гулобию сафеди дарахтони бодом боз ҳам зеботару диданӣ мекунад
Sputnik
Навдаҳои дарахтони бодом бо каме гарм шудани ҳаво мешукуфанд ва табиати Тоҷикистонро боз ҳам зебову гуворотар мекунанд.
Дақиқан пас аз баромадани гули бойчечак, ки муждаи омадани баҳорро бозгӯ мекунад, дарахтони бодом низ гул мешукуфанд.
Маъмулан гул кардани дарахтони бодом мобайнҳои моҳи феврал иттифоқ меафтад. Ин замон ҳатто парандаҳое, ки дар фасли сармо ба ҷойҳои гармтар кӯч карданд, ҳоли барнамегарданд.
Бӯи баҳор меояд: имрӯз дар Тоҷикистон то 19 дараҷа гарм мешавад
Аз ин рӯ, бодом дарахтест, ки аввали баҳор пеш аз дигар дарахтон гул мекунад ва мағзи донаки он ё бомазза мешавад ё талх.
Пас аз гул кардани дарахти бодом, навдаҳои зардолу низ гул мекуннад.
Аҷиб ин ки, дарахти бодом нахуст гул мекунад ва сипас баргҳо дар он пайдо мешаванд. Чун ин дарахт ниҳоят барвақт гул мебарорад, аз ин рӯ аввалҳои моҳи март гулҳои он пажмурда мешаванд.
Аксар солҳо, бинобар ноустувор омадани боду ҳаво, гулҳои бодому зардолу аз ҳисоби боронгариҳо ва шамоли сахт ҳама ба замин мерезанд.
Олимони соҳаи Ботаника бар ин назаранд, ки бодом маҳз аз Осиё ба дигар кишварҳои олам паҳн шудааст.
1 / 11
Навдаҳои дарахтони бодом бо каме гарм шудани ҳаво мешукуфанд ва табиати Тоҷикистонро боз ҳам зебову гуворотар мекунанд
2 / 11
Дақиқан пас аз баромадани гули бойчечак, ки муждаи омадани баҳорро бозгӯ мекунад, дарахтони бодом низ гул мешукуфанд
3 / 11
Маъмулан гул кардани дарахтони бодом мобайнҳои моҳи феврал иттифоқ меафтад
4 / 11
Ин замон ҳатто парандаҳое, ки дар фасли сармо ба ҷойҳои гармтар кӯч карданд, ҳоли барнамегарданд
5 / 11
Аз ин рӯ, бодом дарахтест, ки аввали баҳор пеш аз дигар дарахтон гул мекунад ва мағзи донаки он ё бомазза мешавад ё талх
6 / 11
Пас аз гул кардани дарахти бодом, навдаҳои зардолу низ гул мекунанд
7 / 11
Аҷиб ин ки, дарахти бодом нахуст гул мекунад ва сипас баргҳо дар он пайдо мешаванд
8 / 11
Чун ин дарахт ниҳоят барвақт гул мебарорад, аз ин рӯ аввалҳои моҳи март гулҳои он пажмурда мешаванд
9 / 11
Аксар солҳо, бинобар ноустувор омадани боду ҳаво, гулҳои бодому зардолу аз ҳисоби боронгариҳо ва шамоли сахт ҳама ба замин мерезанд
10 / 11
Олимони соҳаи Ботаника бар ин назаранд, ки бодом маҳз аз Осиё ба дигар кишварҳои олам паҳн шудааст
11 / 11
Шояд ин тахмини олимон рост ҳам бошад