ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ба гуфтаи Завқи Завқизода Ҳукумат барои ҷалби маблағҳо ба хотири пешгирӣ ва кам кардани таъсири иқтисодию иҷтимоии пандемияи коронавируси COVID-19 ба кишвар аз институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок ҷалб намуд.
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон афзуд, ки Тоҷикистон аз ҷумла аз Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) 189,5 миллион доллар қарзи бефоиз, Фонди Авруосиёгии Стабилизатсионӣ ва Рушд 50 миллион доллар қарз, Бонки Осиёи Рушд 122,5 миллион доллар грант, Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар грант, Бонки Исломии Рушд 9,4 миллион доллар ва Ҳукумати Олмон 1 миллион евро дар маҷмӯъ зиёда аз 384,3 миллион доллар ҷалб карда шуданд.
Инчунин вазорат ҳамчун ҳамраиси комиссияҳои байниҳукуматӣ бо давлатҳои ҳамшарик ва масъули ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ гуфтушунидҳо гузаронида, дар маҷмӯъ барои ҷалби 265,5 миллион доллар мусоидат намуд.
Ҳамзамон Завқи Завқизода қайд кардааст, ки сатҳи таваррум дар соли 2020-ум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, аз ҳисоби 13 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, 5,8 фоиз молҳои ғайриозуқа ва 4 фоиз тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.