ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Русия даъватномаҳоро барои иштирок дар маъракаи эмгузаронӣ ирсол намудааст, хабар медиҳад РИА Новости.
Гуфта мешавад, ба ин маърака ҳамаи кормандони сафоратхонаҳои муқими Русия даъват гардидаанд.
"Амалияи даъват кардани корпуси дипломатӣ барои эмгузаронӣ алайҳи сирояти коронавирус дар бисёр иёлатҳо маъмул аст ва ин комилан фаҳмо аст - муборизаи муваффақона бар зидди эпидемия то ҳадди имкон фарогирифтани тамоми мардуми кишварро талаб мекунад", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷаи Русия.
Бар иловаи кормандони сафоратхонаҳо, ҳамчунин кормандони ташкилотҳои хориҷӣ низ имкон доранд дар маъракаи эмгузаронии сартосарӣ иштирок кунанд.
Таъкид мешавад, ВУХ Русия тасмим дорад, ҳамаи кормандони сафоратҳои Русия дар хориҷи кишвар ва ҳамчунин ҳамаи аъзоёни оилаи онҳоро бо ваксин алайҳи коронавирус таъмин намояд.