“Беморхонаро нафурӯшед”: Аҳмадзода талоши занони Кабудсангро ҳангоми сафараш тавзеҳ дод

Занони деҳаи Кабудсанг ҳангоми сафари Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент талоши мулоқот бо раиси вилоятро карда, арзашонро ба ӯ гуфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт, як гурӯҳ занон аз шаҳри Панҷакент, ки ғайриинтизор дар рӯ ба рӯяш қарор гирифтанд, чӣ арз кардаанд.
Аҳмадзода, пештар барои муаррифӣ намудани раиси навтаъйин ба шаҳри Панҷакент сафар карда буд. Вақте ӯ аз бинои ҳукумат берун мешуд, як гурӯҳ занҳо сокинони деҳаи Кабудсанг талош намуданд, ки ӯ ба додашон расад.
Аҳмадзода ба занон 60 гранти аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ тақдим кард
Раиси вилояти Суғд дар посух ба саволи рӯзноманигорон гуфт, ки чигуна сокинон ғайриинтизор дар рӯ ба рӯи ӯ қарор гирифта ва кадом мушкили мавҷудбударо ба миён гузоштаанд.
“Дар воқеъ мо ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ доштем ва як гурӯҳ сокинон дар канори мошини мо ҳозир шудан, мо аз мошин поён шуда, ҳарфи онҳоро шунидем. Сокинон арз намуданд, ки гуё ҳукумати шаҳр, бинои беморхонаи кӯҳнаро фурӯхтааст. Онҳо пешниҳод карданд, ки собиқ бинои беморхона ба кӯдакистон табдил дода шавад”, - гуфт Аҳмадзода.
Раиси Суғд таъкид намуд, ки беморхона ва дигар иншооти соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла мактабу варзишгоҳ танҳо бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ фурӯхта ва ё самти фаъолияташ иваз карда мешавад. Ва на раиси вилоят ва на роҳбарони шаҳру ноҳияҳо барои фурӯхтани чунин иншоот ҳуқуқ надоранд.
Соли гузашта ҳукумати шаҳри Панҷакент беморхонаи касалиҳои дилро аз Кабудсанг ба бинои навсохт дар маркази шаҳр куч дода буд. Сокинони деҳаи Кабудсанг дар ҳоле ин арзашонро ба раиси вилоят расонидаанд, ки то ҳол ин деҳа дар Панҷакент кӯдакистон надорад.
Дар ин деҳа зимнан ҳудуди 5 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад.
“Мо комиссия ташкил намудем масъаларо омӯхта мебароянд. Агар вазорати тандурустӣ ба пешниҳоди онҳо розигӣ диҳад, ба ҷойи беморхонаи куҳна ба сохтмони кӯдакистон шурӯъ мекунем”, - гуфт Аҳмадзода.
Давоми соли 2020 ба унвони ҳукумати Суғд, дар маҷмӯъ 4175 нафар хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат кардаанд, ки ин рақам назар ба як соли пеш (2019-5132) 957 муроҷиат кам ба қайд гирифта шудааст.
Тарҳи нобарори "China town" дар Хуҷанд: Аҳмадзода гуфт, хитоиҳо сохта натавонистанд
Раиси вилоят тавзеҳ дод, ки бештари мавридҳо сокинон барои ҷудо намудани қитъаи замин ва таъмин шудан бо манзил, барои хариддорӣ намудани масолеҳи сохтмонӣ, барқарор намудани саломатӣ ва харидани доруворӣ, барои бунёди мактабу кӯдакистон ва ё барои кашидани хати оби нӯшокӣ ба маҳҳали зист ба унвонии ҳукумат муроҷиат кардаанд.