Чаро аз мактабе, ки Рустами Эмомалӣ таҳсил карда буд, номи Муҳаббат Маҳмудоваро гирифтанд?

Литсейи рақами 53-и пойтахт пештар исми қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Муҳаббат Маҳмудоваро дошт. Феълан исми зани қаҳрамон аз мактаб бардошта шудаву он аз нав бунёд мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Шаҳрдории Душанбе имрӯз дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон сарнавишти як мактаби номии Душанберо, ки дар он раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ низ таҳсил карду буд, тавзеҳ доданд.
"Аз литсейи рақами 53, ки дар он раиси шаҳр низ таҳсил дошт, исми қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Муҳаббат Маҳмудоваро гирифтанд. Сарнавишти ин мактаб чӣ шуд?", - пурсиданд хабарнигорон.
Намояндаи раёсати маорифи шаҳр дар посух ба ин суол гуфт, ки феълан дар ҷои ин мактаб Гимназияи рақами 3 фаъолият дорад.
Ба гуфтаи онҳо, Литсейи рақами 53 бошад аз нав бунёд хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам дар шаҳри Душанбе мактаб ифтитоҳ карданд
"Ҳоло  ба ҷои мактаби рақами 53, дар кӯчаи Меҳнат дар рӯ ба рӯи бозори Меҳргон мактаби нав бунёд мешавад. Чуқурие, ки барои сохтмон лозим аст, канда шудааст. Аллакай масъалаи маблағгузории он ва оғози  корҳои сохтмониаш ҳал шудааст" - гуфтанд дар посух мақомот.
Рӯзноманигорон дубора суол доданд, ки оё номи Муҳаббат Маҳмудова дубора ба ин мактаби ҳамакнун навбунёд гузошта мешавад.
Аммо, ҷониби посухдиҳандагон гуфтанд, ки феълан маълум нест.
"Барои номгузорӣ Маҷлиси вакилони халқи Душанбе пешниҳод мегирад ва баррасӣ мекунад. Боварӣ дорам, ки ин масъала мушкиле надорад", - таъкид кард намояндани шаҳрдорӣ.
Бо сарфи 36 миллион: ифтитоҳи мактаб нав бо иштороки раисҷумҳур дар Душанбе
Муҳаббат Маҳмудова, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ соли 1923 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Педагог, Аълочии маорифи халқ (1944), Муаллими Хизматнишондодаи Мактаби РСС Тоҷикистон (1964). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1968).
 Аз соли 1946 то соли 2018 дар мактабҳои № 10 ва № 53-и  Ду­шанбе кор мекард.  Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.