Шӯҳрати ҷаҳониро ба Андрей Мягков нақш дар филми "Ирония судьбы, или С легким паром!" овард. Барои нақшаш дар ин филм ӯро ҳунарманди сол эълон кардаву бо ҷоизаи давлатии СССР сарфароз карда буданд.
Ҳамчунин нақши ҳунрманд дар филми "Служебный роман" шӯҳрати беандоза дошт.
Мягков дар филмҳои "Гараж", "Страх высоты", "Дни Турбиных", "Жестокий романс", "32 декабря" низ нақш бозидааст.
Ҳунарманд истеъдоди рассомӣ низ дошт. Ӯ портретҳои Олег Ефремемов, Михаил Горбочев ва Галина Волчекро кашида буд.
Афзун бар ин, Андрей муаллифи 3 романи детективӣ буд. Ба гуфтаи худаш, ӯ ин китобҳоро ба ҳамсараш бахшидааст.
Ҳатто аз рӯи як китоби қаҳрамони "Ирония судьбы, или С легким паром!" , силсилафилм бардоштаанд.